НАМОЯНДАГОНИ ҲАЙАТИ ТОҶИКИСТОН БО ДЕПАРТАМЕНТИ ҲАМКОРИИ ТЕХНИКИИ АБНА (МАГАТЭ) МУЛОҚОТ НАМУДАНД
Дар доираи иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори иҷлосияи 70-уми Конфронси генералии Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА) дар Маркази байналмилалии Вена мулоқоти кории намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Департаменти ҳамкории техникии АБНА баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мулоқот муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Назар ва директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода намояндагӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва АБНА, раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунандаи миллӣ ва минтақавӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкориро барои давраҳои минбаъдаи барномавӣ баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба рушди лоиҳаҳо дар соҳаҳои тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ, илм ва маориф, инчунин истифодаи васеи дастовардҳои илмҳои ядроӣ ва технологияҳои муосир барои ҳалли масъалаҳои мушаххаси рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар зоҳир гардид.
Дар соҳаи тандурустӣ масъалаҳои таҳкими минбаъдаи иқтидори миллӣ дар самти тибби ядроӣ, радиотерапия, физикаи тиббӣ, ташхис ва омодасозии мутахассисони соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аҳаммияти идомаи ҳамкорӣ бо АБНА ҷиҳати васеъ намудани дастрасӣ ба усулҳои муосири ташхис ва табобат, бахусус дар соҳаи бемориҳои саратонӣ, таъкид гардид.
Дар доираи баррасии самти саноатӣ таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои омодасозӣ ва баланд бардоштани тахассуси кадрҳои миллӣ, ташкили сафарҳои шиносоӣ ва техникии мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои пешрафтаи илмӣ, саноатӣ ва махсусгардонидашудаи давлатҳои аъзои АБНА, инчунин тавсеаи дастгирии экспертӣ ва машваратии Агентӣ равона гардид.
Ҷонибҳо алоҳида масъалаҳои марбут ба расонидани дастгирии экспертӣ ва техникӣ дар самти барқарорсозии объектҳо ва партовҳои собиқ саноати урани Тоҷикистон-ро баррасӣ намуданд. Дар ин замина аҳаммияти ҷалби минбаъдаи таҷрибаи байналмилалӣ, коршиносони соҳавӣ ва истифодаи усулҳои муосири илмию техникӣ барои арзёбии ҳолати чунин объектҳо, банақшагирӣ ва татбиқи корҳои барқарорсозӣ, таъмини амнияти радиатсионӣ ва экологӣ, инчунин ташкили мониторинги дарозмуддат пас аз анҷоми корҳои барқарорсозӣ таъкид гардид.
Дар робита ба ин, ҷониби Тоҷикистон манфиатдории худро ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо АБНА дар самти омодасозии мутахассисон, баргузории миссияҳои экспертӣ, ташкили сафарҳои шиносоӣ, мубодилаи таҷриба ва пешниҳоди машваратҳои илмию техникӣ изҳор намуд. Қайд гардид, ки чунин ҳамкорӣ ба таҳкими иқтидори миллӣ дар соҳаи идоракунии бехатари партовҳои мероси уранӣ ва барқарорсозии минтақаҳои дахлдор мусоидат хоҳад кард.
Ҳамзамон, ҷонибҳо имкониятҳои тавсеаи истифодаи технологияҳои ядроӣ ва радиатсионӣ дар саноат, усулҳои муосири таҳлилӣ, назорати вайроннашаванда, таҳқиқоти лабораторӣ ва дигар ҳалли илмию техникиро, ки ба баланд бардоштани сифат, бехатарӣ ва самаранокии истеҳсолоти саноатӣ мусоидат менамоянд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи назаррас ба лоиҳаҳо дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ дода шуд. Аз ҷумла, масъалаҳои истифодаи усулҳои муосири ядроӣ ва изотопӣ барои баланд бардоштани самаранокии истеҳсолоти кишоварзӣ, назорати сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин, инчунин таҳкими инфрасохтори дахлдори лабораторӣ баррасӣ гардиданд.
Самти дигари муҳими музокирот рушди минбаъдаи иқтидори илмӣ ва таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҷонибҳо масъалаҳои омодасозӣ ва баланд бардоштани тахассуси олимони ҷавон ва мутахассисон, ташкили таҷрибаомӯзиҳо, сафарҳои илмӣ ва курсҳои омӯзишӣ, муҷаҳҳаз намудани озмоишгоҳҳои соҳавӣ бо таҷҳизоти муосир, инчунин таҳкими ҳамкорӣ миёни муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таълимии Тоҷикистон ва сохторҳои АБНА-ро баррасӣ намуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ҳамчунин ба масъалаҳои истифодаи технологияҳои муосири ошкорсозӣ ва муайянсозии маводи радиатсионӣ дар фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои ваколатдори давлатӣ зоҳир гардид. Аҳаммияти таҳкими минбаъдаи иқтидори техникӣ ва кадрии воҳидҳои дахлдор, муҷаҳҳаз намудани онҳо бо воситаҳои муосири ошкорсозӣ ва гузаронидани омӯзишҳои амалӣ барои мутахассисон таъкид карда шуд.
Ҷонибҳо инчунин оид ба як қатор дигар самтҳои ояндадори ҳамкорӣ, аз ҷумла амнияти радиатсионӣ ва ядроӣ, ҳифзи муҳити зист, мониторинги захираҳои об, рушди инфрасохтори лабораторӣ, идоракунии дониш ва истифодаи технологияҳои муосири ядроӣ ба манфиати рушди устувор мубодилаи афкор намуданд.
Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид карданд, ки кишвар манфиатдор аст лоиҳаҳои ҳамкории техникии АБНА хусусияти ҳарчи бештар амалӣ дошта, ба натиҷаҳои мушаххас равона гарданд. Аз ҷумла, интиқоли технологияҳои муосир, дастрас намудани таҷҳизоти зарурӣ, рушди инфрасохтори лабораторӣ ва техникӣ, омодасозии кадрҳои миллӣ, баргузории миссияҳои экспертӣ ва сафарҳои шиносоӣ, инчунин татбиқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ аз самтҳои муҳим арзёбӣ гардиданд.
Зикр шуд, ки ҳамкории техникӣ бо АБНА яке аз воситаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи иқтидори илмию техникии миллӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешрафтаи ядроӣ ва вобаста ба он дар бахшҳои калидии иқтисод ва соҳаи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколамаи зичи корӣ, татбиқи самараноки лоиҳаҳои амалкунанда, таҳияи ташаббусҳои нав бо дарназардошти афзалиятҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории дарозмуддат ва мутақобилан судманд бо АБНА изҳор намуданд.